Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 27 май лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод изҳор дошт, ки дар қонуни нав дар баробари ширкатҳои давлатии суғуртавӣ, ба дигар ширкатҳо ҳам сарфи назар аз шакли моликияташон барои машғул шудан ба суғуртаи ҳатмӣ иҷозат дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан танҳо ширкатҳои давлатӣ ҳуқуқи иҷозат ба суғуртаи ҳатмӣ доштанд.