Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як матлабаш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” гуфтааст, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд.
Игор Лякин Фролов дар шарҳи ин гуфтаҳояш рӯзи 20 декабр дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфтааст: “Ман бо намояндагони ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунам. Масалан, бо ширкати “Мегафон”, “Билайн”, “Газпром- нефть». Ҳамаи онҳо мегӯянд, ки мизони андоз ниҳоят баланд аст. То ҳадде, ки он кори ширкатҳоро душвор мекунад. Бинобар ин, ман салоҳ донистам дар ин мақола ин нуқтаро зикр кунам."
Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки “мизони ниҳоят баланди андоз” ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ аст”, сармоягузорони рус аз Тоҷикистонро мегурезонад».
Ҷаноби Фролов дар идомаи матлабаш навиштааст, ки ба ин хотир ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон тайи соли охир коҳиш ёфтааст.
Аммо дар ин матлаби сафир зикр мешавад, ки Русия барои Тоҷикистон ҳамоно шарики рақами яки тиҷорӣ боқӣ мемонад ва ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар ҳудудан ба 1 миллиард доллар баробар аст.



