Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба хатсайри чанде аз микроавтобусҳо тағйирот ворид намуда, аз охири ҳафтаи гузашта маршруткаҳои рақамҳои «2» ва «33» дигар тариқи кӯчаи Неъмат Қарабоев ҳаракат намекунанд.
«Дар робита ба тағйири роҳи ҳаракати чанде аз хатсайрҳо кӯчаи Неъмат Қарабоев аз сарбории ҳаракати нақлиёт озод карда шуд. Дар ин ҷо мудом танбашавии нақлиёт ба мушоҳида мерасид», - хабар дод ба «Азия-Плюс» директори муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ғаюрбек Искандаров.
Аз болои иҷрои қарори тағйири ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои мазкур кормандони ин муассиса назорат бурда, тамоми рӯз дар Кӯчаи Неъмат Қарабоев рейдҳо баргузор намуданд.
Қаблан маршруткаи №2 бо кӯчаи Неъмат Қарабоев тариқи фурӯшгоҳи «Гулистон» то хиёбони Саъдии Шерозӣ ҳаракат мекарданд. Акнун маршруткаҳои ин хатсайр то хиёбони Саъдии Шерозӣ тавассути бозори «Ҷал-Ҷам» ва маҳаллаи 33 ҳаракат мекунанд.
Маршруткаҳои рақами 33 акнун на тариқи фурӯшгоҳи Гулистон, балки бо роҳи бетонии қад-қади дарёи Душанбе ҳаракат мекунанд.
Ҳамин тариқ ҳукумати пойтахт ба баъди ним сол дар кӯчаҳои Душанбе боқӣ намондани маршруткаҳо омодагӣ мегирад. Ба ивази онҳо автобусу троллейбусҳо ба мардум хизмат хоҳанд расонд.
«Нархи равуо дар хатсайрҳои самти ҳаракаташон ивазшуда бетағйир боқӣ монда, агар ронандагон аз шумо ҳаққи роҳикрои зиёдтар талаб кунанд, рақами автомашинаи чунин ронандагонро ба мо хабар диҳед ва нисбати ӯ мо чораҷӯйӣ мекунем», - гуфт Искандаров.




