Ташаббуси роҳандозии назорати ҷамъиятӣ дар бозори истеъмолии «Тоҷикстандарт» дастрасии аҳолӣ ба ин ниҳодро барои робитаи доимӣ осонтар кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти Агентӣ хабар доданд, акнун тоҷикистониён қонуншиканиҳо ё камбудиҳо дар нуқтаҳои савдо, фурӯши молу маҳсулоти пастсифат ва риоя накардани қоидаҳои савдоро метавонанд дар телефони мобилӣ ё дигар воситаҳои техникӣ наворбардорӣ карда, аксу навори видеоро бевосита ба Агентии «Тоҷикстандарт» фиристанд.

Ба иттилои манбаъ, дар шабакаи иҷтимоии Facebook (fb.me/tojikstandart), замимаи мобилӣ барои ирсоли сурату навори видеои Instagram (www.Instagram.com/standard.tj) ва мессенҷери Viber (бо рақами +992 98-850-22-22) ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имкон дорад, ки бидуни монеъа бо арзу шикоят доир ба фурӯши маҳсулоти пастсифат дар бозору нуқтаҳои савдо ба Агентӣ муроҷиат кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.