Ба корхонаи КВД «Нури Ховар», ки то соли 2014 «Заря Востока» номида мешуд, роҳбари нав таъин шуд.

Корхона дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) воқеъ буда, замоне яке аз корхонаҳои муҳимтарини саноати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт.

Бо фармони вазири саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ, Парвиз Ҷабборзода, ки то ин дам ба ҳайси сардори Раёсати технолгияҳои нави Вазорати кор мекард, директори нави КВД «Нури Ховар» таъин шуд.

Парвиз Ҷабборзода дар ин мансаб Зиёдулло Носировро иваз намуд, ки аз соли 2013 ба ин корхона роҳбарӣ мекард.

КВД «Заря Востока» (феълан «Нури Ховар») ҳамчун филиали Комбинати кимиёвии Алексинск соли 1968 таъсис дода шуд.

Ин корхона дар таҳкими иқтидори мудофиавии давлати он замон ягона, рушди соҳаҳои муосири саноат ва энергетика саҳми назаррас дорад.

Айни замон КВД «Нури Ховар» яке аз корхонаҳои бузурги вилояти Суғд мебошад, ки молу маҳсулоти ниёзи мардум ва маҳсулоти таъиноти истеҳсоли ва техникӣ истеҳсол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.