Ширкати «Таком», ки дар Тоҷикистон зери тамғаи Beeline хизматрасонии алоқаи мобилӣ пешниҳод мекунад, мурофиаи шикояти таҷдиди назари қарори зинаи поинро бохт. Баҳс ба нафъи Кумитаи андоз анҷом пазируфт.
Баҳси судӣ байни Кумитаи андози назди ҳукумат ва Beeline муддати якуним сол аст, ки идома дорад. Соли 2016 Кумита нисбати ширкат ду эътироз ба маблағи 45 млн. доллар пешниҳод намуд, хабар доданд дар ширкат (кадом қисматашро ширкат пардохту кадомашро не, маълум нест).
Дар натиҷа бо назардошти андозҳои оддӣ ва боҷҳо, соли 2016 ҳаҷми тамоми сарбориҳо ба ширкат ҳудуди 76 млн. долларро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки пули умумии «Таком» ба 68 млн. доллар баробар буд.
Дар робита ба ин, бо изҳори норозигӣ нисбати эътирозҳои андозӣ Beeline аз болои қарори Кумитаи андоз ба Суди иқтисодӣ шикоят бурд.
Суди иқтисодӣ шикояти Beeline-ро қонеъ насохта, ширкат аз болои қарори зинаи поёнӣ ба Суди олии иқтисодӣ шикояти таҷдиди назар бурд.
Дар навбати худ Суди олии иқтисодӣ қарори Суди иқтисодиро бетағйир боқӣ гузошт.
Тавре як манбаъ аз ширкат ба «Азия-Плюс» илова намуд, қарори Суди олии иқтисодӣ ҳанӯз ҳафтаи гузашта қабул шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки дар баробари Beeline ҷаримаи боз ду ширкати дигар - Мегафон Тоҷикистон ва Tcell низ 150 млн. сомонигӣ (18 млн. доллар)-ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, санаи 5 апрел холдинги голландии VEON Ltd дар бораи фурӯши воҳиди худ дар Тоҷикистон - ҶДММ «Таком» (тамғаи «Билайн») ба ZET Mobile Limited-и тоҷикистонӣ изҳорот пахш намуд.
Дар ширкат он вақт ин тасмимро чунин шарҳ дода буданд, ки Хадамоти алоқа, ки ҳуқуқи махсуси таъмин бо интернетро дорост, ба сифати фишор ба ширкат барои қарзҳо, шабакаи онҳоро қатъ карда, дар натиҷа сифати алоқа бад шудааст.
«Ширкат хароҷоти дигар низ дорад: пардохт барои Маркази ягонаи коммутатсионӣ, барои рақам, андозҳои аксизӣ. Ҳамаи ин ва дигар мушкилот VEON Ltd-ро ба фурӯши ширкати худ дар Тоҷикистон маҷбур сохт», - қайд шуда буд он замон.
Ширкат ба чӣ қадар маблағ фурӯхта шудааст, маълум нест. Кӣ молики ин ширкат буданаш ҳам возеҳ нест, танҳо маълум аст, ки он тоҷикистонӣ мебошад.
Тавре як манбаъ аз ширкат хабар дод, дар ҳамин ҳол, «Билайн» бозори Тоҷикистонро тарк намекунад. Тибқи шартҳои муомилот тамға (бренд) дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста