Соли равон дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) истеҳсоли алюминии аввалияро ба беш аз 168 ҳазор тонна ба маблағи умумии 697,1 млн. сомонӣ расониданианд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 65 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Дар Дурнамои пешгӯиҳои истеҳсолӣ-иқтисодии КВД «ТАЛКО» дар давраи солҳои 2018-2030, ки дар Стратегияи рушди саноати Тоҷикистон то давраи соли 2030 оварда шудааст, соли 2020 афзоиши истеҳсоли алюминии аввалия - то 349 ҳазор тонна, вале аз чӣ бошад, ки то соли 2025 поинравии ҳаҷми истеҳсол - то 339 ҳазор тонна ва дурнамо ба соли 2030 - 380 ҳазор тонна пешгӯӣ шудааст.
Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия 103 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2016 - 26 ҳазор тонна ва соли 2012 - 175 ҳазор тонна камтар аст.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ коҳиши истеҳсоли ин навъи металлро ба сабабҳои зиёде, аз ҷумла камшавии шумори зарфҳо (ваннаҳои)-и электролизӣ, саривақт таъмин нашудан бо кокси нафтӣ ва ғайра нисбат медиҳанд.
Охири соли гузашта раҳбарияти ТАЛКО хабар дод, ки соли 2018 ширкат ба сохтмони корхонаи нави алюминий оғоз карда, ҳамчунин корхонаи амалкунандаро таъмиру навсозӣ мекунад.
Зикр гардида буд, ки иқтидори корхонаи нав истеҳсоли 503 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як сол буда, арзиши он - 1,6 млрд. доллар ва муҳлати анҷоми сохтмон якуним сол муқаррар шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Авиарейсы между Таджикистаном и Ираном временно отменены
США и Израиль нанесли удары по Ирану. В ответ Иран атаковал Израиль и американские базы на Ближнем Востоке. Что происходит?
Золотой голос «Гульшана». Памяти народного артиста Таджикистана Умара Зиёева
Перед школами в районе Рудаки появилась базовая инфраструктура дорожной безопасности
Китай весной: куда ехать, чтобы увидеть всё настоящее
Человек, влюбленный в телевидение. Памяти актера и режиссера Акбара Джураева
Мой ребенок хочет держать пост. Что мне и ему важно знать?
Где заверить документы в Душанбе? Обзор нотариальных контор столицы
Эмомали Рахмон поручил обеспечить реализацию госпрограмм по развитию дошкольного образования и цифровой экономики
И вкусно, и комфортно: где провести ифтар в Душанбе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста