Қурби расмии 1 доллар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 31 май муқаррар шудааст, 9,01 сомонӣ (30 май - 1 = 8,99)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, аз оғози сол қурби расмии доллар нисбати арзи миллии тоҷикӣ қариб 2,2 фоиз (1 январи соли 2018 - 8,8190 сомонӣ) афзуд.
Қурбҳои ҳаррӯзаи расмии асъорҳо, ки аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар мешаванд, танҳо барои ҳисоббарбарӣ бо буҷет, пардохтҳои гумрукӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ истифода шуда, хариду фурӯш бо ин қурб сурат намегирад. Аммо нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо маҳз бо назардошти қурби расмии БМТ қурбҳои худро муайян мекунанд.
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо имрӯз 1 доллар бо мабалғи 9,02 сомонӣ харида ва бо маблағи 9,03 сомонӣ фурӯхта мешавад. Давоми соли ҷорӣ қурби доллар дар бозори нақдӣ қариб 3,5 фоиз боло рафт.
Дар ҳамин ҳол, дар бозори асъори кишвар муддати ду моҳ аст, ки камбуди доллари нақд ба мушоҳида мерасад. Норасоии шадиди асъори амрикоӣ аз нимаи дуюми моҳи апрел, баъди аз ҷониби ИМА ҷорӣ шудани таҳримҳои нав нисбати ширкатҳои русиягӣ ва коҳиши қурби рубл нисбати доллар бар асари он, оғоз гардид.
Айни замон аксарияти бонкҳои Тоҷикистон бо зикри надоштани доллар дар ихтиёрашон, амалиёти фурӯши онро анҷом намедиҳанд.
Дар баъзе бонкҳо, аз ҷумла, «Казкоммерсбонк», «Аввалин Бонки молиявии хурд», «Спитамен Бонк» ва ғайра метавон доллар харид, вале бо миқдори маҳдуд - аз 50 то 300 доллар ба 1 нафар.
Бонки миллӣ ҳанӯз охири моҳи гузашта иттилоъ дода буд, ки камбуди доллари амрикоӣ дар бозори нақди асъори ҷумҳурӣ мавсимӣ ва падидаи маъмулӣ аст.
«Талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ бештар хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад. Коҳишёбии қурби пули миллӣ ва баландшавии қурби асъори хориҷӣ, бахусус, қурби доллари ИМА-и нақд асосан зери таъсири ҳамин омил сурат мегирад», - қайд шуда буд дар маълумоти БМТ.
Қобили зикр аст, ки дар Буҷети давлатии қабулшуда барои соли 2018 аз ҷониби парлумон моҳи ноябри соли гузашта нишондиҳандаи қурби доллар 9 сомонӣ барои 1 доллар ба нақша гирифта шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста