Нахустин намоишгоҳи фарҳангиву таърихӣ бахшида ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли оянда дар маркази шаҳри Париж - осорхонаи миллии санъати шарқ Гиме доир мегардад.
Дар ин бора зимни брифинг ба муносибати ҷашни миллӣ дар Фаронса - Рӯзи фатҳи Бастилия (14 июл) сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, намоишгоҳ аз якчанд самт - намоишгоҳи бостоншиносӣ, намоишгоҳи аксҳо консерти мусиқии миллӣ ва назм, конфронс дар бораи забон иборат хоҳад буд.
Ба савол дар бораи чӣ гуна ба ҳайрат овардани тамошобини аврупоии аз ин чорабиниҳо сер хонум Гуедар посух дод, ки таъриху фарҳанг ва бостоншиносии Тоҷикистонро самимона муъҷизанок мешуморад ва хоҳони он аст, ки тамоми ҷаҳон аз ин воқиф бошад.
«Хеле ифтихор дорам, ки яке аз созмондиҳандагони ин ҷашни фаврҳангӣ ҳастам. Мо ба сокинону меҳмонони Париж дар бораи кишваре маълумот хоҳем дод, ки на он қадр онро хуб медонанд. Муддати се моҳ дар Париж доир ба Тоҷикистон ҳарф хоҳанд зад ва бо фарҳангу мусиқӣ, таъриху манзараҳои дилфиреби он шинос хоҳанд шуд», - қайд кард ӯ.
Ин ҷо боз як чизи ҷолиб он аст, ки осорхонаи Гиме бори нахуст макони баргузории намоишгоҳ аз кишвари шомили минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад.
Ясмин Гуедар бар ин назар аст, ки ин чорабинӣ бояд ба рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, такони ҷиддӣ бахшад.
«Ба гумонам, Тоҷикистон барои сайёҳон аз лиҳози таърихи қадима доштан ва истироҳати бофароғат ҷолиб хоҳад буд. Лекин барои омода будан ба қабули сайёҳони сершумор беҳбуди зербинои роҳу меҳмонхонаҳо, роҳандозии алоқаи мусоиди нақлиётӣ байни минтақаҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматгузорӣ зарур аст», - таъкид дошт сафир.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста