Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютерӣ пешниҳод намуд, ки мақсади аслии он мусоидат ба таҳкими иқтидори миллӣ дар баррасии хавфҳои вобаста ба амнияти озуқаворӣ мебошад.

Таҷҳизоти пешниҳодшуда яке аз ҳадафҳои лоиҳаи оид ба «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати  давлатии  байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» мебошад. Маблағгузорӣ, тавассути Барномаи рушди деҳот-1 дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо  фароҳам мегардад, бо буҷаи кулли 5 миллион евро амалӣ шудааст.

Таҷизоти компютерӣ асосан барои истифодаи системаҳои замонавӣ, ки барои санҷиши тасодуфӣ ва ташхиси бемориҳо асос ёфтаанд, истифода хоҳанд шуд. Шумораи таҷҳизот аз панҷ компютери муосир, панҷ принтер (се дар як), светчер барои IP суроғаҳо, кабел ва дигар лавозимот барои насби шабака, иборат мебошад.

Дар маросими супоридани таҷҳизот намояндаи ФАО дар Тоҷикистон, Олег Гучгелдиев ва намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон Ором Зиёев иштирок карданд.

"Таҳкими низоми амнияти озуқавории кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Якҷоя бо дастгирии шарикон мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки натиҷаҳои беҳтарро ба даст орем. Ман мехоҳам миннатдории худро ба Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Душанбе барои дастгирии техникии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Тоҷикистон изҳор намоям", - гуфт Ором Зиёев, намояндаи Кумита.

"Фаъолияти ФАО бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва ҳамшарикӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар маҷмӯъ бехатарии озуқавориро тақвият дода, ба ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон дар кишвар мусоидат менамояд. Бо роҳи баланд бардоштани иқтидори кормандони вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳо, мақсад ҳаст, ки сифати идоракунӣ беҳтар карда шавад ва ҳамоҳангсозии хуб бо пешниҳоди иттилоот дар байни ҳамаи тарафҳои манфиатдор таъмин карда шавад, - гуфт намояндаи ФАО Олег Гучгелдиев.