Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, ба ҳолати 1 июни соли 2018 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1169 сомонӣ (124 доллар)-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 61,6 сомонӣ (5,6%) зиёдтар аст.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор намуд, ки музди меҳнати аз ҳама зиёдтар дар саноати истихроҷу кӯҳкорӣ – 2336 сомонӣ, сохтмон – 2194 сомонӣ ва соҳаи электроэнергияву газ ва обтаъминкунӣ – 1744 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти беш аз 980 субъектҳои хоҷагидориро мавриди санҷиш қарор дода, дар натиҷа 3876 қонуншиканиҳо, аз ҷумла 2883 қонуншиканӣ оид ба масъалаҳои меҳнатӣ ошкор шуданд.

Дар робита ба масъалаи бекорӣ Тағойзода қайд кард, ки тӯли ним сол 53 ҳазору 296 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, 33 ҳазору 159 нафар расман мақоми бекорро гирифтанд.

«Дар доираи амалисозии барномаи давлатӣ оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ин давра 32 ҳазору 137 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд», - иброз дошт ӯ.

Бо истинод ба маълумоти оморӣ, вазир зикр кард, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 34 ҳазору 94 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки 20 ҳазору 817 (61%)-тоаш ҷойҳои кории доимӣ, 7,6 ҳазор (22,3%) – муваққатӣ, 4,4 ҳазор (13%) – мавсимӣ, 141 (0,4%) – иловагӣ ва 1 ҳазору 77 (3,1%)-тоаш ҷойҳои кории барқароршуда мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.