Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 8-умин Кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мунаққиди соҳаи кино Саъдулло Раҳимов хабар иедищад, дар кинофестивали мазкур филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд.
Гуфта мешавад, дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор» тӯли 5 рӯз беш аз 60 филми гуногунҳаҷм намоиш дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Кинофестивал имрӯз, соати 10:00 дар театри ба номи А. Лоҳутӣ ифтитоҳ меёбад. Дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор» зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз ин шумора 9 филм пурра ва 12 –тояш филмҳои кӯтоҳметраж мебошанд.
Қайд мешавад, ки инчунин дар доираи кинофестивал «Барномаи ҳамсояҳо» доир шуда, филмҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода мешаванд.
Ёдрас мешавад, ки 16 октябр дар Тоҷикистон Рўзи кинои тоҷик таҷлил гардида, бахшида ба ин рӯз ҳамасола аз 16 то 20 октябр Кинофестивали байналмилалии «Дидор» доир мегардад.
Зикр мегардад, ки кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тўли 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Дидор» намоиши филмҳо ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 тавассути 5 намоиш пешниҳод мешаванд.





Эксперты спрогнозировали умеренный рост цен на продукты в Таджикистане в 2026 году
Футбольный чемпионат Ирана приостановлен. Смогут ли таджикские легионеры покинуть иранские клубы?
Потеряли документы в России? Руководство для мигрантов из Таджикистана
ЦАХАЛ сообщил об ударах по ядерному комплексу и уничтожении сотен ракетных установок в Иране
В Таджикистане начался сезон борьбы с саранчой: потенциальные очаги выявляют и уничтожают
Теплый и с грозами: каким будет март в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 марта 2026 года
В Национальной библиотеке Таджикистана незрячих обучают английскому языку. Бесплатно
«Сомон Эйр» до конца марта приостановила рейсы по маршруту Душанбе — Тегеран
Таджикистан усилит контроль за остатками антибиотиков в продуктах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста