Сарфи назар аз тағйироти обуҳаво, мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе аз 1 ноябр шурӯъ мешавад ва агар вазъи обуҳаво имкон диҳад, рӯзи 15 ноябр ба хонаҳо гармӣ дода мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори энергеткии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, рӯзи 17 октябр кори қубурҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе санҷида шуданд.
“Дар ин рӯз барои санҷиши кори қубурҳо ба биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои Зарафшон ва Испечаки пойтахт гармӣ интиқол дода шуд. То мавсими оғози гармидиҳӣ дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр чунин санҷишҳо гузаронида мешаванд”, - гуфт манбаъ.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) Душанбе-2 шабонарӯзӣ то 4,2 млн. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.
“Феълан танҳо ду агрегати Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2” кор мекунанд, ки то 4,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд”, - хабар дода буданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Барқи тоҷик”. – Баъдтар боз ду агрегати дигар ҳам ба кор дароварда мешаванд”.
Дар ширкат қайд карданд, ки айни замон дар корхона танҳо нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, зеро ба энергияи гармӣ алҳол зарурат нест.
Иқтидори умумии МБГ “Душанбе-2” 400 МВт нерӯи барқ ва 360 Гкал энергияи гармиро ташкил медиҳад. Корхона ба истеҳсоли то 9 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз қодир аст, ки беш аз 60%-и талаботи пойтахт ба нерӯи барқро таъмин карда метавонад.
Дар ҳамин ҳол, бо оғози мавсими гармидиҳӣ баъди танаффуси тӯлонӣ Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-1 бо истифода аз гази Ӯзбекистон ба кор оғоз мекунад. Ду дегхонаҳои шаҳрии “Шарқӣ” ва “Ғарбӣ”, ки ба сохтори МБГ “Душанбе-1” дохиланд, дар як вақт ба кор дароварда мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста