Дар шаҳри Душанбе VI-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Фестивали мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги и Тоҷикистон ва дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории Тоҷикистон ташкил гардида, дар он театрҳои лӯхтак аз Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Қирғизистон, Украина ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Дар ин ҷашнвора ҳамчунин се театри лӯхтаки Тоҷикистон – аз Душанбе, Бохтар ва Бӯстон низ намоишномаҳои худро пешкаш мекунанд.

Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе спектакл аз рӯи асари Антуан де Сент-Экзюпери “Маленький принц” (Шоҳзодаи хурдсод)-ро намоиш медиҳад.

Фестивал то 26 октябр идома ёфта, мувофиқи барномаи он, театрҳо як спектакл дар доираи фестивал ва як спектакл дар доираи барномаи тиҷоратӣ намоиш медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар доираи кори фестивал баргузории намоишномаҳо, мастер-классҳо (машғулиятҳо), конфронсҳо ва вохӯриҳо дар назар аст.