Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳоди Украинаро дар бораи "низомисозии Қрим, минтақаҳои баҳри Азов ва Сиёҳро аз сӯи Русия" қабул кард.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳуҷҷат бо 66 раъйи мусбат, 19 раъйи зид ва 72 раъйи бетараф (аз ҷумла Тоҷикистон) қабул шуд.
Дар қатънома омадааст, ки ҳузури низомиёни Русия дар Қрими ғасбшуда хилофи истиқлоли миллӣ, сиёсӣ ва тамомияти арзии Украина аст.
Гуфта мешавад, Маҷмаи умумии СММ "дар мавриди қадам ба қадам низомисозии Қрим аз сӯи Русия ҳамчун абарқудратӣ ғосиб, изҳори нигаронии амиқ баён мекунад". Дар ҳуҷҷат гуфта шудааст, ки Русия дар Қрим мушакҳои ҳастаӣ, аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ ва аскару афсар ҷойгир мекунад. Маҷмаи умумӣ ҳамчунин "ҳузури рӯзафзун"-и Русияро "дар қисматҳое аз баҳри Азов ва Сиёҳ, аз ҷумла дар тангнои Азов" маҳкум мекунад. Ба илова, дар ҳуҷҷат "сохтмони пул" аз болои тангнои Керч маҳкум шудааст.
Марзбонони Русия 25 ноябр дар соҳили Қрими ғасбшуда се киштии низомии Украинаро нахуст тирборон ва баъдан ғасб карданд. Дар ин киштиҳо 24 маллоҳи украин ҳузур доштанд. Додгоҳи Русия ҳамаи онҳоро бо айби убури ғайриқонунии марз то ду моҳ ба ҳабс гирифт. Русияву Украина ҳамдигарро дар барангехтани иғво муттаҳам мекунанд. Кишварҳои Ғарб аз Русия талаб доранд, ки маллоҳонро раҳо кунад.
Қобили зикр аст, ки Русия соли 2014 Қримро ғасб кард. Украина, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ин минтақаи Украинаро ғасбшуда эътироф мекунанд.





Как проходил первый военный парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
На сотрудников ГКНБ Кыргызстана подали сотни жалоб после отставки Камчыбека Ташиева
В Таджикистане начинается прием заявлений на экзамен EPS-TOPIK для работы в Южной Корее
Бывшего руководителя аппарата хукумата Исфары оштрафовали на 52 тысячи сомони за мошенничество
Пакет, дубинка, ток. Как в Центральной Азии расследуют пытки, и почему они до сих пор применяются
Сарвар Хамидов возвращается: новый бой в PFL — весной 2026 года
В Таджикистане автогонщику Бежану Абдуллаеву вручили медаль «За мужество и доблесть»
Сорок девушек, соляные пещеры и буддийский храм: путешествие по Хатлонской области Таджикистана
Треть долгов за свет в Таджикистане оказалась фиктивной
Эмомали Рахмон подчеркнул необходимость дальнейшего укрепления обороноспособности Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста