Музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо давоми соли равон дар ҷумҳурӣ ба гумони ғолиб боло бурда намешаванд.
Дар буҷети соли равон ба ин бандҳо маблағгузорӣ пешбинӣ нашудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар Вазорати молия қайд карданд, ки айни замон лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои асосӣ барои ду соли минбаъда мавриди таҳия қарор дорад.
“Таҳиягарони лоиҳа ба масъалаи беҳбуди сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сурати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар буҷети соли оянда барои афзоиши маошу нафақа ва стипендияҳо ҷудо кардани маблағҳоро пешбинӣ мекунанд”, - итминон доданд дар Вазорати молия.
Ёдрас мекунем, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли гузашта зимни ироаи паём ба парлумон дар бораи гузоштани заминаҳои зарурӣ барои баланд бардоштани маошу нафақа ва стипендияҳо изҳори назар карда буд.
“Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд, яъне бояд бо роҳи зиёд кардани қисми даромади буҷет солҳои дигар низ маошу нафақаро баланд бардорем”, - гуфта буд ӯ.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон бори охир аз 1 сентябри соли гузашта ба андозаи 15-30% боло рафтанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста