Тоҳир Зубайдов , мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхта, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъи саломатии Осияи 6-сола беҳтар шуда, аммо ҳолати бемор то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад ва дар шӯъбаи эҳёгарӣ табобатро идома медиҳад.
Зубайдов, илова кард, ки:
- Осия ҳоло хуб суҳбат мекунад ва саломатиаш низ беҳтар аст. Ба назди бемор танҳо модар ва янгаи ӯ медарояду халос. Дар мавриди ба аёдати Осия омадани наздикони ноболиғони гумонбар маълумоте надорам, чун ба ҳуҷраи бемор даромадан манъ аст. Шояд волидони ноболиғон ба назди падару модари Осия омада бошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳодиса рӯзи 19-июни соли равон рух додт. Се наврас хонандагони яке аз мактабҳои ҷамоати Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ буда, Осияро баста, ба либосаш оташ сар додаанд.
Сабабҳо ва омили ин амали ваҳшиёна то ҳол маълум нест ва мақомот низ ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро ошкор накардаанд.
Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намудааст, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста