Аз 26 то 28 июли соли 2019 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ (ВМКБ, Тоҷикистон) Фестивали 12-уми байналхалқии фарҳанг ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад.
Фестивали “Боми ҷаҳон” чорабинии фарҳангии ҷолиб буда, аз тарафи ИҶ “Амеша Спента” бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ҳамкории Дафтари Швейтсария оиди Ҳамкорӣ дар Тоҷикистон барпо карда шудааст.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур инъикоси гуногунрангии фарҳангӣ (маҳаллӣ, минтақавӣ ва умуман, дунёӣ) ва таҳкими якдигарфаҳмӣ тавассути санъат баҳри ҳамзистии осоишта ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад.
Фестивал ба нигаҳдорӣ ва пешбарии жанрҳои анъанавӣ ва таҷрибавии (эксперименталии) мусиқӣ ва рақсҳои халқҳои Помир, ҷомеаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, кишварҳои хориҷи дур ва наздик, мусоидат мекунад.
Фестивали мазкур дар дарки плюрализм (гуногунандешӣ) ва таҳаммулпазироӣ байни халқҳои гуногун ва анъанаҳои фарҳангии минтақа саҳми худро мегузорад. Рушди иқтидори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои фестивал мебошад.

Тибқи барномаи фестивал, дар он санъаткорони шинохтаи Ӯзбекистон, Кирғизистон ИМА, Афғонистон, Латвия, Ҳиндустон, ва намояндагони шащру вилоятҳои гунонуни Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Мо интизорем, дар рӯзҳои фестивал то 15 ҳазор нафар ҳаводорони мусиқӣ ва санъатро – меҳмонони чорабинро аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои дунё бубинем .
Дар чорчӯбаи фестивал, дар Маркази Исмоилии шаҳри Хоруғ дарсҳои устодон (мастер- класс) оиди усулҳои навохтани асбобҳои гуногуни мусиқии кишварҳои иштирокчиёни чорабинӣ доир мегарданд ва дар рафти онҳо мо интизорем, ки дар муҳокима ва шунидани оҳангҳои устодони санъати мусиқӣ донишҷӯён, навозандагон, мунаққидони мусиқӣ, рӯзноманигорони ҳавасманд, ҳаводорони санъати мусиқии шаҳри Хоруғ ва меҳмонони кишварҳои гуногуни дунё фаъолона иштирок хоҳанд кард.
Дар баробари ин, дар Маркази Исмоилӣ намоиши тасвирҳои рассомони маҳаллӣ баргузор мегардад. Дар чорчӯбаи фестивал дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ филмҳои ҳуҷҷатӣ, маҳсулоти ҳунармандон намоиш дода мешаванд ва ҳамчунин, фестивал-бозори таомҳои анъанавӣ воқеъ мегардад.
Мо боварӣ дорем, ки фестивали мазкур моро ба натиҷаҳои интизорбудаи бисёртарафаи лоиҳа наздик меорад ва ба нигаҳдории сулҳ, дӯстӣ, дарки аҳамияти гуногунӣ, плюрализм ва таҳаммулпазироӣ байни халқҳои гуногуни минтақа мусоидат мекунад, ки ин ҳамчунин, ба пешбарӣ ва ташаккули сифати маҳсулоти эко-туризму беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҷалби саёҳон ба кишварамон кӯмак хоҳад расонд.
Бояд қайд кард, ки 12-ум Фестивали «Боми Ҷаҳон» бо кумаки молиявии Дафтари Швейтсария оид ба Ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (маблағгузор ва шарики асосии фестивал), ҳамчунин Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташаббуси Мусиқии Оғо Хон, Хазинаи Оғо Хон, ширкати Tсell, Акселерейт Просперити ва дастгирии иттилоотию техникии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази фарҳангии «Бохтар» баргузор шуда истодааст.
Гурӯҳи мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ дилу мағзи тадорукот ва амалигардонии фестивали мазкур мебошанд, ки ба туфайли хоҳиши бепоёни баргузоркунии фестивал, ба мо дар ҷашн ва инъикоси айнияти фарҳангӣ ва гуногунии анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва дигар халқҳои ҷаҳон дар Боми Ҷаҳон то имруз кӯмак расонида истодаанд.




Планета имени Бабаджанова. Памяти выдающегося таджикского астрофизика
На долю Таджикистана приходится около 1% транзитных перевозок в Центральной Азии – ЕАБР
Dushanbe Invest–2025: Таджикистан выходит на рынок «зелёных» облигаций
Таджикистану потребуется $1,4 млрд инвестиций для улучшения питания населения – Всемирный банк
ADB и Tcell подписали первое в Таджикистане корпоративное соглашение о финансировании в национальной валюте
Уровень прозрачности банковских услуг в Таджикистане значительно вырос – замглавы Нацбанка
Обучение в колледжах сократилось на год. Какие новые формы образования ввели в Таджикистане?
Какие фильмы покажут в Дни российского кино в Таджикистане?
Далер Джума: Таджикистан будет играть важную роль в энергоснабжении стран Центральной и Южной Азии
В Согдийской области задержан мужчина по подозрению в убийстве отца
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста