Давоми моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 357 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд. Дар ин бора дар гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” бо истинод ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда (357 ҳазор нафар) қариб 27% бештар аст.
Моҳи июли соли равон ба нияти кор дар берун аз қаламрави кишвар Тоҷикистонро ҳудуди 57 ҳазор нафар тарк кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 26,7 ҳазор нафар зиёдтар мебошад.
“Болоравии сатҳи муҳоҷирати корӣ тӯли моҳҳои январ-июл дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба каме беҳтар шудани шароити кор барои муҳоҷирон (ворид шудани тағйирот ба созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ) ва ҳамчунин афзоиши рушди иқтисоди Русия вобаста аст”, - таъкид мешавад дар гузориш.
Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта сатҳи муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон тақрибан 10% кам шуда буд.
Қаблан ВАО-и Русия бо истинод ба маълумоти ҳисоботи Хадамоти сарҳадбонии ХФА Русия хабар дода буданд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ 524 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия омада, ҳадафи сафарашонро ба ин кишвар “кор” зикр кардаанд.
Бино ба маълумоти гуногун, беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон айни замон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста