Президенти Тоҷикистон аз Вазорати молия ва сохторҳои дигари Ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки Кодекси нави андозро то моҳи март омода кунанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ аз сохторҳои гуногун талаб кард, ки дигар монеъагузорӣ накунанду корро кашол надиҳанд.
Президент дастур дод, ки дар таҳияи Кодекси нави андоз ба масъалаи додани сабукиҳо ба соҳибкорон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ кунанд.
"Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи март ба Ҳукумат пешниҳод намояд".
Эмомалӣ Раҳмон аз зиёд будани саҳми бахши хусусӣ дар ММД тавсиф карда гуфт, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 70%, ташкил кардани ҷойҳои корӣ 68% ва даромадҳои андозӣ ба буҷаи давлат 80% аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста