Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни як паёми табрикӣ ба муносибати 80-солагии Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат шоирони пуровозаи тоҷик, Лоиқро “аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷаста ва таъсиргузор дар арсаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва адаби порсӣ дар ним қарни ахир” номидааст.
Ӯ дар идомаи паёми табрикияш мегӯяд, ки эшон дар канори бузургоне ҳамчун устод Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва бону Гулрухсори Сафиева аз бунёнгузорони шеъри нав дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
“Мавзуъоти меҳварии асарҳои нав ва халлоқонаи ин ҳунарманди тоҷик, бештар дар тавсифи ҷойгоҳи арзишманди ватан, ҳувияту бозгашт ба хештан, худшиносӣ, эҳтиром ба гузаштаи муштараки форсизабонон, суннату таърихи миллӣ мебошад”.
Собирӣ бар ин аст, ки Лоиқ яке аз авомили муҳимми ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ҳифз ва тавсеаи забони порсӣ ва адабиёти ниёгон медонист ва чунин гуфтааст,ки:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-у забони модари гум кардааст.
Сафири Эрон дар ин паёмӣ видеоӣ як шеъри Лоиқро, ки ба гуфтаи ӯ “ҷойгоҳи Эронро дар қалби порсигуёни Осиёи Марказиро ба зебоӣ баён менамояд” қироат мекунад:
Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,
Асли ман, Эрони ман, бунёди ман.
Ҷони мо чун риштаи дубофтаст,
Бофти ман, тору пуди ёди ман.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста