Дар доираи сафари корӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Австрия бо Директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) - ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур хонум Елена Купчина дидору гуфтушунид анҷом дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар рафти мулоқот вазъи кунунии татбиқи барномаҳои САҲА дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва инсонӣ баррасӣ гардида, дастгирии САҲА дар татбиқи муштараки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва чорабиниҳои мушаххаси он таъкид гардид.
Зимни суҳбат Юсуф Раҳмон аз САҲА даъват намуд, ки дар чорабиниҳояш ба иштироки шахсони ҷиноятпеша роҳ надиҳад.
Дар бораи маҳз дар бораи кадом шахсон сухан рафтан ва чӣ посухе додани намояндагони САҲА ба ин даъват маълумот дода намешавад. Лекин қаблан Тоҷикистон аз иштироки намояндагони Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” дар ҷаласаҳои САҲА изҳори норозигӣ карда буд.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои аъзои САҲА ва берун аз он, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар рушди инфрасохторӣ ва зеҳнии кормандони мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳои мубрами боиси таваҷҷуҳи якдигар таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.
Ба мувофиқа расида шуд, ки дар ояндаи наздик сафари корӣ ва тахассусии роҳбарияти САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.
Дар Австрия Юсуф Раҳмон инчунин бо роҳбари Дафтари СММ дар Вена - раиси Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ҳамзамон муовини Дабири кулли СММ Ғода Фатҳӣ Валӣ гуфтушунид кард.
Дар мулоқот вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоякишвар, хатару чолишҳои вобаста ба муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, зарурати пурзӯр намудани муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, муқовимат ба терроризм, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бо коррупсия ва ғайра баррасӣ шуданд.
Хонум Ғода Фатҳӣ Валӣ махсусан иброз дошт, ки барномаҳои татбиқшаванда ва лоиҳаҳои нави Раёсат дар Осиёи Марказӣ бо нигоҳ ба маълумоти дастрасгардида ва бо инобати хатару чолишҳои имрӯза бознигарӣ карда мешаванд.
Дар ин замина сафари коршиносони аршади Раёсат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.
Юсуф Раҳмон дар Австрия боз як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, дар ҷараёни онҳо масоили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои давлатии СММ, истирдоди шахсони мавриди пайгарди байнулмилаӣ қарордошта ва хатари онҳо барои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, кумаки ҳуқуқӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъулаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста