Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябр дар Қасри миллат бо президети Беларус Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид дошт, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштараки мо муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша карданд.
Гуфта мешавад, ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дидору гуфтушунид анҷом дод. Сарвари давлат аз сатҳи рушдкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама ҷанбаҳо, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ - вазъи сиёсию низомии Афғонистон, инчунин ҳолати мураккаб ва дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар, муҳокима карда шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеъи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар, таъкид намуданд”, - зикр мешавад дар хабар хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Как проходил первый военный парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
На сотрудников ГКНБ Кыргызстана подали сотни жалоб после отставки Камчыбека Ташиева
В Таджикистане начинается прием заявлений на экзамен EPS-TOPIK для работы в Южной Корее
Бывшего руководителя аппарата хукумата Исфары оштрафовали на 52 тысячи сомони за мошенничество
Пакет, дубинка, ток. Как в Центральной Азии расследуют пытки, и почему они до сих пор применяются
Сарвар Хамидов возвращается: новый бой в PFL — весной 2026 года
В Таджикистане автогонщику Бежану Абдуллаеву вручили медаль «За мужество и доблесть»
Сорок девушек, соляные пещеры и буддийский храм: путешествие по Хатлонской области Таджикистана
Треть долгов за свет в Таджикистане оказалась фиктивной
Эмомали Рахмон подчеркнул необходимость дальнейшего укрепления обороноспособности Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста