Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 7 июн хабар дод. Ба гуфтаи вай, барои сохтмони марҳилаи аввали неругоҳ 3,5-5 сол сарф мешавад.
"Фардо мо корҳои сохтмониро шуруъ мекунем, бояд пул сохта шавад, нақб то охир кофта шавад. Ҳамаи инро бо неруи худ шуруъ мекунем. Мо 18,8 млн доллар дорем. Барои марҳилаи аввал 3,5-5 сол сарф мешавад. Ҳамсояҳои мо ҳам ба ин тарҳ таваҷҷуҳ доранд, аммо ҳоло бо неруи худ шуруъ мекунем, мунтазир сармоя намемонем", - гуфт Ҷабборов.
Оқилбек Ҷабборов рӯзи 1 июн аз рафти корҳои омодагӣ ба сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 дар дарёи Норин дидан карда буд.
Доскул Бекмирзоев, вазири энержии Қирғизистон дар ин сафар ба Ҷабборов хабар дод, ки давоми ду соли оянда роҳҳову пулҳо барқарор мешаванд ва анбору зерсохторҳо барои коргарон бунёд мегарданд. Бекмирзоев ҳамчунин гуфт, нахустин чархаи неругоҳ баъди 8 сол ба кор хоҳад даромад.
Ин дар ҳолест, ки Оқилбек Ҷабборов моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, неругоҳи Қамбарота-1 давоми 3-5 соли оянда ба кор медарояд. Вай гуфта буд, ки аз буҷаи Қирғизистон барои сохтмони неругоҳ дар соли 2022 20 млн доллар ҷудо шудааст.
Моҳи марти соли 2021 Қирғизистону Узбекистон изҳор доштанд, ки неругоҳи Қамбарота-1-ро дар якҷоягӣ месозанд. Моҳи майи соли ҷорӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ гуфт, мехоҳад, неругоҳи Қамбарота-1 дар якҷоягӣ сохта шавад.
Соли 2021 Қирғизистону Русия барои сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 созишнома баста буданд. Аммо созишнома соли 2016 якҷониба, аз тарафи Қирғизистон, бекор карда шуд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста