Бонки миллии Тоҷикистон як изҳороте нашр кард, ки дар он аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мешавад ба эълонҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Бонк бовар накунанд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин эълонҳо ба Бонки миллӣ ҳеҷ муносибате надоранд.
“Бинобар ин ба онҳо бовар накунед ва ба шахсони бегона маълумотҳои шахсии худро, аз ҷумла: ному насаб, рақами корти бонкӣ ва рамзҳои махфие, ки тавассути СМС паём ворид мегарданд, пешниҳод насозед!”, - таъкид мешавад дар изҳорот.

Ахиран дар Тоҷикистон ҳодисаҳои қаллобӣ тариқи шабакаи Интернет зиёд ба назар мерасанд.
Қаблан қаллобон барои фиреби шаҳрвандон аз номи ширкат ва шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла ширкатҳои «Toyota», «Beko», бонкҳои «Эсхата», «Амонатбонк», «Душанбе Сити Банк», инчунин номи президент ва шаҳрдори Душанбе истифода мебурданд.
Нимаи дуюми моҳи ноябр Бонки миллии Тоҷикистон пас аз нашр ва паҳн шудани навори пулҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шаҳрвандон хост, ки дар вақти додугирифт эҳтиёткор бошанд.
Чанде пеш Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро аз зиёдшавии ҳолатҳои қаллобӣ дар платформаҳои интернетии эълонҳо ҳушдор дод.
Зикр шуд, ки шахсони қаллоб эълонҳоеро нашр мекунанд, ки ҳангоми тамос гирифтан аз шаҳрвандон пешпардохт талаб менамоянд. Пас аз гирифтани маблағ, онҳо алоқаи худро қатъ намуда, рақамҳои телефонашон низ ғайрифаъол мешаванд.
Ба сурати умум, ба иттилои Раёсат, дар рӯзҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ дар шабакаҳои интернетӣ зиёд шудаанд.
Раёсат барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо чунин тавсияҳо дода буд:
- Ҳеҷ гоҳ ба шахсони ношинос пешпардохт ирсол накунед. Маблағро танҳо пас аз гирифтани мол ё хизматрасонӣ супоред;
- Маълумоти фурӯшандаро тафтиш намоед. Агар шубҳа дошта бошед, маълумоти иловагӣ ё акси дигарро талаб кунед;
- Ба эълонҳое, ки нархи паст доранд, бо эҳтиёт муносибат намоед. Ин метавонад найранги фиребгарон бошад.
Ҳамчунин дархост шуда буд, ки дар бораи амалиётҳои шубҳанок хабар дода, дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳолатҳо, фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кардан лозим аст.
“Дар хотир доред, ки амнияти шумо дар дасти худи шумост! Агар шумо қурбони ҳамин гуна қалобон гардидед, фавран ба шӯъбаи наздиктарини милитсия муроҷиат намоед ва ё бо рақами 102 дар тамос шавед!”, - таъкид шуда буд дар огоҳии Раёсати ВКД дар пойтахт.
Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ намудан, ҳолатҳои қаллобӣ ва фиреб дар шабакаи интернет ҳамоно ба қайд гирифта мешаванд ва шахсони ҷудогонаву ширкатҳо то ҳол дар бораи чунин ҳолатҳо хабар медиҳанд.






Как проходил первый военный парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
На сотрудников ГКНБ Кыргызстана подали сотни жалоб после отставки Камчыбека Ташиева
В Таджикистане начинается прием заявлений на экзамен EPS-TOPIK для работы в Южной Корее
Бывшего руководителя аппарата хукумата Исфары оштрафовали на 52 тысячи сомони за мошенничество
Пакет, дубинка, ток. Как в Центральной Азии расследуют пытки, и почему они до сих пор применяются
Сарвар Хамидов возвращается: новый бой в PFL — весной 2026 года
В Таджикистане автогонщику Бежану Абдуллаеву вручили медаль «За мужество и доблесть»
Сорок девушек, соляные пещеры и буддийский храм: путешествие по Хатлонской области Таджикистана
Треть долгов за свет в Таджикистане оказалась фиктивной
Эмомали Рахмон подчеркнул необходимость дальнейшего укрепления обороноспособности Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста