Як додгоҳи низомӣ дар шаҳри Маскав парвандаи 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии “Крокус”-ро, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дарёфт кардааст.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 8-уми июл бо истинод ба дафтари матбуотии Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Маскав хабар дода, навиштааст, санаи дақиқи мурофиаи додгоҳӣ як моҳ баъд ё 30 рӯз пас муайян мегардад.
Ба иттилои манбаъ, қазияи мазкур аз ҷониби се додрас муҳокима мегардад.
“Пеш аз таъини санаи муҳокимаи муқаддамотӣ ё муҳокимаи асосии парванда, ҳайати додрасҳо бояд то 30 рӯз вақт дошта бошад, то бо тамоми ҳуҷҷатҳои 19 айбдоршаванда шинос шаванд”, – гуфтааст Ирина Жирнова, котиби матбуотии додгоҳ.
Маводи парвандаи ҳамла ба “Крокус”, ки дар пайи он 149 кас кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд, аз 450 ҷилд иборат буда, натиҷаи даҳҳо озмоиши додгоҳӣ-тиббӣ ва далелҳои шайъиро дар бар мегирад, ки дар рафти тафтишоти муқаддамотии беш аз яксола ҷамъоварӣ шудаанд.
Ба навиштаи манбаъ, ҳоло макони мурофиа низ муайян нашудааст, зеро бинои асосии додгоҳ дар ҳоли таъмир буда, толорҳои додгоҳи дуюми низомии Маскав ҳамаи иштирокчиёни мурофиаро ғунҷонида наметавонад.

Ҳамчунин ба гуфтаи яке аз манбаъҳои ТАСС, ҳоло масъалаи ба таври пӯшида, бидуни расонаҳо ва ё боз баргузор шудани мурофиа низ маълум нест.
“Тибқи қонунгузории амалкунанда, додгоҳ метавонад ҷаласаи додгоҳироро аз воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа дар ҳар марҳила пӯшида гузаронад. Додгоҳ метавонад ба хотири таъмини амнияти иштирокчиёни парванда чунин тасмим гирад”, - гуфтааст манбаъ.
Дар курсии айбдорӣ ин гумонбарон нишастаанд:
Фаридуни Шамсиддин;
Далерҷон Мирзоев;
Муҳаммадсобир Файзов;
Саидакрам Раҷабализода;
Умедҷон Солиев;
Мустақим Солиев;
Шаҳромҷон Гадоев;
Зубайдулло Исмоилов;
Ҳусейн Ҳамидов;
Муҳаммадзоир Шарифзода;
Ёқубҷон Юсуфзода;
Лутфуллои Назримад;
Ҷумъахон Қурбонов;
Ҳусейн Медов;
Ҷабраил Аушев;
Алишер Қосимов;
Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи 19 гумонбар ба “Феҳристи террористони Русия” шомил шудаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ба истиснои 19 нафар, ки парвандаашон ба додгоҳ ворид шуд, ҳоло тафтишот нисбат ба 2 фармоишгар ва 4 ширкаткунандаи дигари ин ҳамла идома дорад.
Тақрибан як моҳ пештар Кумитаи тафтишоти Русия гуфта буд, ки тафтиши парвандаи 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар канораи Маскавро ба анҷом расонида, онро ба додситонӣ фиристодааст.
Кумитаи тафтишотӣ Киевро фармоишгари асосии ин ҳамла медонад ва менависад, ки иҷрокунандагони ҳамлаи террористӣ кӯшиш карданд, ки баъд аз содир кардани ҷиноят ба Украина гурезанд.
Маълум нест, боздоштшудаҳо то куҷо бо вакили дифоъ ва ёрии ҳуқуқии таъмин мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” яке аз ҳамлаҳои бузург дар Русия буд, ки дар пайванд ба он даҳҳо кас, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт шуданд. Аз ҷумла, Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия қаблан эълом карда буд, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.
Чаҳор нафари гумонбарони асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамчун иҷрокунандаи асосии он гуфта мешаванд. Вале шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста