Субҳи имрӯз, 15-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо боздиди корӣ ба Қатар сафар кард. Дафтари матбуотии президент менависад, ки дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масоили хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ин сафар қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ва арабӣ, ки имрӯз, 15-уми сентябр дар Давҳа баргузор мегардад, ширкат кунад. Ин ҷаласа бо ибтикори Қатар дар пайи ҳамлаи Исроил ба раҳбарони гурӯҳи фаластинии Ҳамос ба Давҳа доир хоҳад шуд.
Дар он шуморе аз раисҷумҳурон ва мақомоти аршади кишварҳои арабӣ ва исломӣ иштирок хоҳанд дошт.
Хадамоти матбуотии президент, дар бораи ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст чизе нагуфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 14-уми сентябр дар Қатар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ ва арабӣ баргузор гардид, ки дар он Сироҷиддин Муҳридин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам ширкат дошт.
Дар ин ҷаласа ҳамлаи Исроил ба Қатар, инчунин, вазъи мураккаби Ховари Миёна баррасӣ шудааст. Дар нишаст вазирони корҳои хориҷӣ рӯзнома ва матни санади ниҳоии ҷаласаи изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва арабиро тасдиқ кардаанд.
Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Исроилро “барои ҳамаи ҷиноятҳое, ки содир кардааст, муҷозот кунад”.
Ёдрас мешавем, ки Исроил рӯзи 9-уми сентябр ба як бинои маскунӣ дар Давҳа, ки гуфта мешуд, тими музокиракунандаи гурӯҳи фаластинии Ҳамос он ҷо қарор доштааст, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Артиши Исроил гуфт, ҳадафи ҳамла роҳбарони гурӯҳи Ҳамос аст.
Ҳамос гуфт, 5 нафар аз аъзояш дар ин ҳамла кушта шудаанд, аммо талоши Исроил барои террори музокиракунандагони Ҳамос шикаст хӯрдааст. Қатар ин ҳамларо “ҷиноят ва буздилӣ” хонда, гуфт, ҳаққи посух ба ин ҳамлаи ошкорои Исроилро маҳфуз медорад.
Тоҷикистон қаблан ҳамлаи Исроил ба Қатарро “таҷовуз ба тамомияти арзӣ”-и ин кишвар дониста, онро қотеъона маҳкум карда буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста