Додгоҳи ноҳиявӣ омӯзгори фанни таърих Бекмамат Нурметовро барои маҷруҳ кардани рухсори хонанда ҷарима кард. Ин ҳодиса дар мактаб-интернати №5 дар ноҳияи Турткули Ӯзбекистон рӯй дод.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳодисаи мазкур ҳанӯз 18 апрел рух дода буд, аммо ҳукми додгоҳ чанде пеш содир шуд.
Яке аз хонандагони мактаб-интернат эътироф кард, ки омӯзгори фанни таърих нисбати аксари хонандагон чунин муомила мекард.
"Бо баҳонаҳои камтарин вай дар пешонии хонандагон ҳарфҳои қабеҳ менавишт. Баъзан номи хонандаро ҳам менавишт", - гуфт як хонанда ба шарти ифшо нашудани номаш.
Зимнан зикр мегардад, ки додгоҳ ин омӯзгорро 40 доллари ИМА ҷарима кард.