Дар натиҷаи амалиёти неруҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон барои боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев як сарбоз ҷон бохтааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, табибон сарбозро барои ҷарроҳӣ даровардаанд, вале натавонистанд наҷот диҳанд.
Гуфта мешавад, то соати 00.55-и 8 август 36 кас ба беморхона интиқол дода шудааст, ки 15 танашон қудратиҳоянд. Сардори пулиси вилояти Чуй Самад Курманкулов, ки дар деҳаи Кой-Тош қарор дошт, аз ноҳияи сараш сахт осеб дидааст. Сухангӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон Жилдиз Айгерчинова гуфт, сардори шуъбаи пулисро ҷарроҳӣ карданд. Ӯ дар натиҷаи сангпартоии ҷонибдорони Отамбоев захмӣ шудааст.
Ҳамчунин ҳуқуқшиноси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Нурбек Қосимбеков, вакили пешини порлумон Мээрбек Мискенбоев ва раҳбари пешини ҳизб Абдил Сегизбоев захмӣ шудаанд. Дар миёни осебдидаҳо як афсари нируҳои махсус низ ҳаст, ки аз тири силоҳ ҷароҳат бардоштааст.
Дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтанд, ки сарбозони неруҳои махсуси ин ниҳод "аз тири резинӣ истифода мекунанд".
Вакили порлумони Қирғизистон Асел Кодуранова гуфт, худи Алмосбек Отамбоев дар манзили зисташ дар деҳаи Кой-Тош қарор дорад. Садҳо ҷонибдори ӯ манзили зисташро иҳота кардаанд.
Телевизиони "Апрел" муроҷиати видеоии Отамбоевро намоиш дод, ки амалиёти боздошташро ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ номид. "Ман чанд бор пешниҳод кардам, ки хаттӣ баёнот диҳам. Намояндаи ман Сергей Слесарев дирӯз дар Вазорати умури дохилӣ буд ва пешниҳод кард, ки посухҳои маро хаттӣ пешниҳод кунад. Ман омодаам, дар робита ба ҳамаи масоил суҳбат кунам, зеро ҳеч гуна фасодкорие набуд. Инро худи президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков медонад", - афзуд ӯ.
"Бори дигар аз мақомот даъват мекунам, ки фикр кунанд ва қудратиҳоро бигӯянд, ки мардуми худро напаронанд", - гуфт Отамбоев.
Амалиёти боздошти Отамбоев бегоҳи 7 август дар деҳаи Кой-Тош оғоз шуд ва вазъ муташанниҷ буда, садои тир шунида мешуд.
Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Вакили мудофеи президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли хаттии муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.
Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуняит маҳрум кард.
Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, муттаҳам аст. Вале худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.