Оқилбек Жапаров, сарвазири Қирғизистон имрӯз, 16-уми декабр, аз мақом истеъфо дод. Вай бо хоҳиши худ номаи истеъфо навиштааст, хабар медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба расонаҳои Қирғизистон.
Дар фармони Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон зикр мегардад, ки сарвазири ҳамакнун собиқ “бинобар сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифааш озод карда шуд”. Аммо дар бораи кори ояндаи Оқилбек Жапаров маълумот дода намешавад.
Нашрияи Kaktus.media бо такя ба манобеъи худ дар ҳукумат низ менависад, ки Жапаров дар робита ба гузаштан ба кори нав мақомашро тарк кардааст. Эҳтимол меравад, ки сиёсатмадор мушовири президенти ҷумҳурӣ таъин шавад.
Ҳамакнун, Одилбек Қосималиев, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали Оқилбек Жапаров кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси Девони вазирон ва роҳбари дастгоҳи президенти Қирғизистон таъин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Оқилбек Жапаров аз моҳи июн то октябри соли 2021 дар мақоми муовини нахуствазири Қирғизистон кор карда, ин мақомро бо раҳбарияти вазорати иқтисод ва молия муттаҳид мекард. 13-уми октябри ҳамон сол бо пешниҳоди Содир Жапаров аз ҷониби муовинҳо раиси ҳукумат ва ҳамчунин роҳбари дастгоҳи президент таъин гардид.