Дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт рӯзи 13 декабр маросими мутантани тақдими ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯйи натиҷаҳои соли 2022 қадрдонӣ гардиданд.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, дар маросими тантанавӣ ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсияи лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи якум ва мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ муайян карда шуданд.

Сурат: ФФТ

Аз ҷумла, беҳтарин бозигари сол сарвони «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов дониста шуд, ки ӯ ҳамчунин бо задани 16 гол нишонзани беҳтарини чемпионати кишвар дар соли 2022 эълон гардид. Дарвозабони дастаи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон дониста шуд.

Сармураббии дастаи «Истиқлол» Алишер Тӯхтаев ҷоизаи беҳтарин мураббии Тоҷикистон-2022-ро гирифт. Ҳимоятгари ганагии «Равшан»-и Кӯлоб Самуэл Офорӣ беҳтарин легионери лигаи олӣ эътироф шуд.

1/17

Боз футболбозони зерин беҳтарин дониста шуда, қадрдонӣ гардиданд:

Нимҳимоятгари тими «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Худойдод Узоқов - беҳтарин бозигари лигаи якуми Тоҷикистон;

Сармураббии дастаи «Куктош» Тоҳир Муъминов - беҳтарин мураббии лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2022;

Паҳлавон Баҳризода аз тими «Истиқлол» - беҳтарин бозигари мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни ҷавонон;

Сармураббии дастаи ҷавонони «Регар-ТадАЗ» Фарҳод Холбеков ҷоизаи беҳтарин мураббӣ миёни ҷавонон;

Гулмуроди Саъдулло - «Беҳтарин довари Тоҷикистон»;

Капитани тими миллии кишвар Аҳтам Назаров - беҳтарин ҳимоятгари мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022;

Бозигари «Хатлон»-и Бохтар Тоҳирҷон Тағойзода - «Беҳтарин нимҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон-2022»;

Сарвони бошгоҳи «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев - беҳтарин ҳамлагари чемпионат дар мавсими 2022.

Сурат: ФФТ

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.