Дилшод Назаров, варзишгари шинохтаи кишвар ва қаҳрамони Олимпиадаи тобистонаи соли 2016 дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шудааст. Ҳамчунин, номзадии Евгений Шумарин ба ҳайси котиби генералии федератсия ва Ғайрат Неъматов ба ҳайси сармураббии дастаи миллӣ тасдиқ шудааст.

Дар ин бора аз ин федератсия ба “Азия-Плюс” хабар дода, таъкид карданд, ки онҳо дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии федератсия, ки рӯзи 21-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, интихоб шуданд.

Манбаъ гуфт, дар ин конференсия натиҷаҳои фаъолияти солҳои 2021–2024 ҷамъбаст ва мушкилоти мавҷудаи ин соҳаи варзиш муҳокима карда шуданд. 

Ҳамчунин, роҳбари кумитаи доварони ин навъи варзиш Абдумалик Турсунов интихоб гардид. Фарҳод Кӯралов, варзишгари собиқи тоҷик, директори иҷроияи федератсия таъйин шудааст. 

Ғайр аз ин, аъзои нави Кумитаи иҷроияи федератсия интихоб шуданд. Боқиршо Боқиршоев намояндаи федератсия дар ВМКБ, Кристина Пронженко, дар вилояти Суғд, Дилшод Мамадов дар вилояти Хатлон, Хаиталӣ Мирзоев дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Надима Мирзоева раиси кумитаи занони федератсия интихоб шудаанд. 

Оксана Михаилус намояндаи варзишгарон ва Улмас Алимов намояндаи собиқадорони ин навъи варзиш интихоб шудаанд.

Гуфт ашуд, ки айни замон варзишгарони ин навъи варзиш барои иштирок дар мусобиқаҳои соли оянда омодагӣ мебинанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.