Ба Тоҷикистон омадани Дмитрий Черишев, ки чанде пеш сармураббии дастаи фтболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб таъин шуд, рӯзҳои наздик дар назар аст. Ӯ бо ҳайати даста машғулиятҳои назариявӣ ва машқу тамринҳо мегузаронад.

Муҳлати шартнома бо мураббии 55-сола ҳанӯз мушаххас нашуда, эҳтимол он барои як мавсим, то охири соли 2025 баста шавад. Ҳайати мураббиёни дастаи Дмитрий Черишев баъдтар маълум хоҳад шуд.

"Ин масъала дар наздиктарин вақт ҳал шуда, аввали моҳи январ тамринҳо оғоз мешаванд, - хабар доданд дар тими "Равшан"-и Кӯлоб. - Ба даста бо даъвати ин мутахассис футболбозони соҳибтаҷриба ҳамроҳ мешаванд".

Худи Дмитрий Черишев изҳор доштааст, ки кай вазифаҳои ӯ дар дастаи нав мушаххас карда мешаванд.

«Мо бо роҳбарияти "Равшан" вохӯрда, вазифаҳоро муҳокима ва мушаххас хоҳем кард. Бале, байни мо гуфтушуниду сӯҳбатҳо баргузор шуданд. Аммо ҷузъиёти вазифаҳо ва дурнамоҳо дар соли нав муҳокима мешаванд», — зикр кардааст Дмитрий Черишев.

Қобили зикр аст, ки ӯ вазифаи сармураббигии тими “Шинник”-и Ярославлро 17 декабр тарк кардааст. Ин даста бо 21 имтиёз дар зинаи 14-уми мусобиқаи Лигаи якуми чемпионати Русия қарор дошт.

Пас аз ин ӯ тасмим гирифт, ки сармураббигии тими “Равшан”-и Кӯлобро ба зимма мегирад. Дар мавсими гузашта дастаи нави ӯ зинаи сеюми чемпионатро соҳиб шуд.

Замони футболбоз будан Черишев дар мавқеи ҳамлагар дар дастаҳои “Химик”-и Дзержинск, “Локомотив”-и Нижний Новгород, “Динамо”-и Маскав, “Спортинг”-и Хихон ва “Аранхуэс” (ҳарду даста аз Испания) ва мунтахаби футболи Русия бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба сифати мураббӣ ба кор оғоз кард.

Дар низоми кори дастаҳои “Реал” ва “Севиля”-и Испания фаъолият намуда, дар тимҳои “Волга”-и Нижний Новгород, “Иртиш”-и Павлодар, “Мордовия”, “Нижний Новгород” ва “Санта-Колома” аз Андорра ба сифати сармураббӣ ифои вазиф намудааст. Черишев падари собиқ нимҳимоятгари мунтахаби Русия Денис Черишев аст, ки айни замон дар ҳайати дастаи “Паниониос”-и Юнон ҳунарнамоӣ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.