Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки дастаҳояшон барои ширкат дар мусобиқоти минтақавии мавсими солҳои 2025-26 байни дастаҳо ҳуқуқ доранд. Дар ин бора Лигаи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Байни дастаҳо ду намояндаи Тоҷикистон - қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода низ ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, агар дастаи шаҳри Душанбе ҳунарнамоиро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқот оғоз кунад, пас бошгоҳи шаҳри Турсунзода барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳӣ бояд бозии плей-офф анҷом диҳад.

Тими “Истиқлол”-и пойтахт мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО (AFC Champions League 2) роҳхат гирифт.

“Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода - дорандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 рақобати худро аз бозии плей-офф барои роҳ ёфтад ба ҷадвали асосии мусобиқа бо дастаи “Аҳал”-и Туркманистон оғоз мекунад. Ин вохӯрӣ нимаи моҳи август дар варзишгоҳи “Регар-ТадАЗ” дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Ғолиби ин ҷуфт мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО роҳ ёфта, тими мағлуб дар навбати худ, рақобатро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО - дивизиони сеюми мсуобиқоти сатҳи сеюми қора идома медиҳад.

“Тими “Аҳал” дастаи соҳибтаҷриба аст. Мо ба ин вохӯрӣ ҷиддӣ омода мешавем. Ин бозӣ имконест барои мо барои нишон додани маҳорату малакаи худ дар қораи Осиё”, - иброз доштааст яке аз намояндагони “Регар-ТадАЗ”.

Дар робита ба дастаи “Аҳал”-и Туркманистон гуфтан мумкин аст, ки ин даста тайи солҳои ахир доимо дар мусобиқоти Осиё иштирок карда, бори аввал дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО низ бозӣ кардааст.

Натиҷаи мусбат дар бозӣ бо “Аҳал” ба “Регар-ТадАЗ” имкон медиҳад, ки дар даври гурӯҳӣ иштирок карда, барои радабандии умумии кишвар байни дастаҳо имтиёзҳои муҳим ба даст орад.

Низоми нави мусобиқоти Осиё, ки аз мавсими солҳои 2024/25 мавриди амал қарор гирифт, мусобиқа байни дастаҳоро ба се сатҳ тақсим мекунад: Лигаи баргузидаи қаҳрамонҳо, Лигаи дуюми қаҳрамонҳо ва Лигаи даъвати КФО.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.