Дар радабандии навшудаи mma-oracle.com-и беҳтарин размикорони муҳорибаҳои омехта чор намояндаи UFC ва дигар варзишгарон, ки дар лигаҳои бонуфуз ба дастовардҳо ноил гардидаанд, шомил шуданд.
Дар радабандӣ (рейтинг) размикороне, ки на камтар аз 5 рақобат дар лигаҳои касбӣ гузаронидаанд, шомил шудаанд. Дар рӯйхати рамикорони муҳорибаҳои омехта дар ҳамаи лигаҳо ҳудуди 50 размикор аз Тоҷикистон ҳастанд. Ба даҳгонаи беҳтаринҳо (ТОП-10) ҳамаи иштирокчиёни Лигаи UFC – Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров дохил шудаанд.
Дар зер 10 нафар беҳтарин размикорони тоҷик:
1. Нурулло Алиев - Лигаи UFC: 367 балл
2. Фаридун Одилов - Промоушени ACA: 356 баллов
3. Муин Ғафуров - Лигаи UFC: 328 балл)
4. Лоиқ Раҷабов - Лигаи UFC: 311 балл
5. Аъзам Ғафоров - Промоушени ACA: 301 балл
6. Муҳаммад Наимов - Лигаи UFC: 285 балл
7. Хуршед Назаров - Яке аз размикорони ояндадор: 283 балла
8. Маъмурҷон Ҳамдамов - намояндаи насли ҷавони размикорон: 276 баллов
9. Азиз Ҳайдаров - дар бисёр лигаҳо маъруф аст: 275 балл
10. Муборакшо Муборакшоев - яке аз размикорони устувор тайи 10 соли ахир: 251 балл
Размикорони ҷолиби берун аз ТОП-10
Ҳарчанд онҳо ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил нашуда бошанд, ҳам рақобатҳояшон қобили таваҷҷуҳ аст.
Ҳафиз Соқибеков (ҷойи 11-ум: 221 балл); Беҳрӯз Зуҳуров (ҷойи 14-ум: 197 балл) ва Солеҳ Ҳасанов (ҷойи 15-ум, 193 балл.




