Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода тими ”Эсхата”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 шуд. Бозии ниҳоии ин мусобиқа рӯзи 14-уми сентябр, дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлоли Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 13,8 ҳазор кас сурат гирифт.
Бозии финалӣ аз оғози вохӯрӣ бо бартарии меҳмонон - “Регар-ТадАЗ” ҷараён гирифта, то охир онҳо бозиро зери назорат доштанд. “Эсхата”, ки бори аввал ба даври финалӣ барои дарёфти Ҷом роҳ ёфт, ба фишори дастаи таҷрибадор тоб оварда натавонист.
Голҳои дастаи шаҳри Турсунзодаро Шервони Мабатшоев, Самандар Қодиров, Шӯҳрат Элмуродов (ду гол) ва Нозим Бобоҷонов заданд.
Ин бори 8-ум аст, ки “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меорад. Ӯ соли гузашта ҳам ҷомро соҳиб шуда буд. “Эсхата” аввалин бор ба бозии ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфта буд. Мувофиқи қоидаҳои Конфедераттсияи футболи Осиё (КФО), дорандаи ҷоми кишвар барои иштирок дар Лигаи даъвати Конфедератсия ҳақ пайдо мекунад.

Алишер Тӯхтаев, сармураббии даста гуфтааст, ки ғалаба бояд як таконе барои ҳунарнамоии муваффақона дар арсаи байнулмилалӣ шавад: “Барои мо муҳим аст, ки ин ғалаба ба футболбозон дар бозиҳои Ҷоми даъвати КФО далериву ҷасорат бахшад. Бозингарон бояд дарк кунанд, ки ба мубориза на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз ҳудуди он қодиранд”.
Бояд гуфт, ки маблағи ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи ҷом бо 60 ҳазор сомонӣ ва иштироккунандаи бозии ниҳоӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.



