Кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз рӯйи далелҳои порагирӣ ва сохтакории хизматӣ директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Восеъ Ҷамиламо Давлатоваро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, ӯ дар гирифтани пора дар се ҳолат барои додани шаҳодатномаҳои қалбакии хатми мактаб гумонбар дониста мешавад.

“Ба сурати умум ӯ аз волидони се нафар духтарони маҳаллӣ, ки мактабро хатм накардааанд, дар ҳаҷми 900 доллари ИМА ва 4 ҳазору 500 сомонӣ пора гирифтааст”, - қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мувофиқи ин моддаҳо ӯ аз 7 то 12 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.