Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) аз афзоиши амалиёти ҷангӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва оқибатҳои башардӯстонаи он, аз ҷумла таъсири он ба ҳаёт ва амнияти аҳолии манотиқи марзӣ, изҳори нигаронӣ мекунад.

"Ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ бояд тамоми чораҳои имконпазир барои пешгирӣ аз талафоти тасодуфии аҳолии мулкӣ, осеби ғайринизомиён ва зарар ба объектҳои ғайринизомӣ андешида шаванд. Риояи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ӯҳдадории тарафҳои низоҳои мусаллаҳона мебошад", - гуфт Сангита Кениг, сардори намяндагии минтақавии КБСС дар Осиёи Миёна. "КБСС вазъро назорат мекунад. Якҷоя бо Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Қирғизистон ба эҳтиёҷоти башардӯстона посух медиҳад ва ба ғайринизомиёне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, кӯмак хоҳад кард."

КБСС ба тарафҳои даргир хотиррасон мекунад, ки онҳо бояд ҳамеша байни ғайринизомиён ва ҷангиён тафовут гузоранд. Бояд ҳамеша кӯшиш ба харҷ дод, ки ба аҳолӣ, моликият ва инфраструктураи гражданӣ зарар расонида нашавад. Кормандони тиб ва муассисаҳои тиббие, ки ба онҳо танҳо ӯҳдадориҳои кӯмаки тиббӣ гузошта шудаанд, бояд дар ҳама ҳолатҳо эҳтиром ва ҳифз карда шаванд. Истифодаи аслиҳае, ки табиатан табъиз аст, манъ аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед