Ба андешаи коршиносон, вуҷуди “душмани беруна” ба президенти Қирғизистон ва раиси КДАМ-и ин кишвар барои дар мансаб боқӣ мондан ва аз назари аҳолӣ пинҳон кардани манфиатҳои шахсиашон, кӯмак мекунад.
ВКХ-и Тоҷикистон изҳор менамояд, ки “Қирғизистон бо мақсади дар симои Тоҷикистон офаридани “таҷовузгар” дурӯғи маҳз паҳн мекунад”.
“Рӯзҳои охир, ҷониби Қирғизистон бо мақсади дар симои ҳамсояи худ офаридани “таҷовузгар”, бо истифода аз дурӯғи ошкоро ва иғвоангезӣ, муқобили Тоҷикистон маъракаи иттилоотиро идома дода, сабабгори афзоиши таниш дар марз шуда истодааст”, - гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ.
Ҳамчунин, ин ниҳод зикр мекунад, ки “17-уми сентябр дар муроҷиати худ ба мардум президенти Қирғизистон нисбати Тоҷикистон калимаи “душман”-ро истифода бурд”.
Дарвоқеъ, президенти Қирғизистон дар муроҷиати хеш вобаста ба вазъияти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба сарҳадбонони қирғиз “барои далерӣ ва қаҳрамонӣ ҷиҳати муқовимат ба душман” изҳори сипос намуд.
Ине, ки роҳбарияти Қирғизистон образи душмани берунаро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода мекунад ва барои ҳифзи нуфузи хеш масоили сарҳадиро обу ранги сиёсӣ медиҳад, хабари нав нест. Дар он бора мо ва коршиносон чандин маротиба навишта будем.
“Вазифаи аслии ин ҷуфт (президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва раиси КДАМ Қамчибек Тошиев - эзоҳи идора) латмазанӣ ба нуфузи аҳзоби сиёсии пуртаъсир ва пешвоёни он, афзоиши теъдоди интихобкунандагони худ аст. Эҷоди образи душмани хориҷӣ дар симои Тоҷикистон, ки барои бо эҳсоси милливу ватандӯстии қирғизистониҳо моҳирона бозӣ кардан имкон медиҳад, самараноктарин воситаи баланд бардоштани нишондиҳандаҳои натанҳо рейтинги худ, балки аҳзоби сиёсие низ мебошад, ки аз Ҷабборов дар ҷараёни интихоботи президентӣ дастгирӣ намуданд”, - изҳор дошта буд коршинос, қаблан рӯзноманигори байналмилалӣ ва коршиноси масоили муноқишаҳои марзӣ Неъматулло Мирсаидов дар мақолаи худ таҳти унвони "Почему президент Кыргызстана Садыр Жапаров вводит в заблуждение и своих, и чужих?" (Чаро президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов худӣ ва бегонаҳоро ба гумроҳӣ меандозад?).
Дар мавриди он, ки роҳбарони сиёсии Қирғизистон муноқишаи сиёсиро ҷиҳати ба самти дигар равона кардани таваҷҷуҳи ҷомеа истифода мекунанд, коршиносони дигар низ мегӯянд.
Коршиносони дигар низ зикр мекунанд, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии Қирғизистон муноқишаи сиёсӣ ҷиҳати ба самти дигар равона намудани таваҷҷуҳи ҷомеа истифода мешавад.
Ҳамин тавр, сиёсатшинос Шералӣ Ризоён дар мақолаи хеш оид ба сабаб ва ангезаҳои муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон (Причины и триггеры таджикско – кыргызского конфликта – вгляд из Душанбе), ки дар сомонаи Маркази иттилоотию таҳлилии Донишгоҳи Ломоносови Маскав нашр гардидааст, зикр мекунад, ки муноқишаи 27-уми январ дар сарҳади ду кишвар бо интишори тафтишоти ютуб-канали Temirov Live, ки дар он чеҳраи асосӣ Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аст, мувофиқ омад.
“Ҷолиби диққат он аст, ки муноқиша пас аз интишори тафтишоти ютуб-канали Temirov Live, ки дар он айбдоршавандаҳои асосӣ раиси КДАМ (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ) Қамчибек Тошиев ва наздикони ӯ мебошанд, оғоз гардид. Дар пасманзари ин “таъйини душмани хориҷӣ” дар симои Тоҷикистон бо аланга ва гардиши нав дар муноқишаи мусаллаҳонаро метавон ҳамчун фиреби назар ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ва муқобили “амалҳои ҳамсоя” равона кардани он баҳогузорӣ намуд”, - зикр мекунад сиёсатшинос.
Чӣ муҳимтар - муборизаи дохилии сиёсӣ ё манфиати мардум?
Аз соли 2011 то имрӯз бар асари муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо тибқи маълумоти расмии нашршуда, аз ҳарду ҷониб садҳо нафар ҳалоку зиёда аз 1000 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Ин ҷо дарҳол якчанд саволҳои асоснок ба миён меоянд: чаро Қирғизистон қарордодҳоро имзо мекунаду баъд худаш онҳоро риоя намекунад?
Чаро Қирғизистон муноқиша барангехта, ҳамеша Тоҷикистонро дар оғози он айбдор мекунад?
Касе манфиатдор аст, ки мудом “душмани хориҷӣ” бошаду сафи қурбониён зиёдтар?
Ҳозир вазъият дар сарҳад чӣ гуна аст?
Айни замон вазъият дар сарҳад босубот боқӣ мемонад. Дирӯз, 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.
Ҳамзамон, муҳим шуморида шуд, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.
Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Худи ҳамон рӯз роҳ ба самти Ҷамоати деҳоти Ворух боз шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳалокати 28 нафар дар ҷараёни муноқишаи ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона 59 нафар ҳалок шудаанд.
Бо амри президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 19-уми сентябр дар ин кишвар Рӯзи мотам эълон шуда буд.