Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, дирӯз, 4-уми декабр, бо як сафари корӣ ба шаҳри Маскави Русия рафтааст. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково Рустами Эмомалиро муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтаанд.
Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ширкат меварзад.
Дар ин ҷаласа намояндагони парлумони тамоми кишварҳои аъзои СААД – Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа намояндагони парлумони Эрон ба ҳайси нозир ширкат хоҳанд кард.