Имрӯз, 11-уми май, дар шаҳри Давҳаи Қатар қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, ки дар он рақибони тими миллии Тоҷикистон низ муайян мегардад. Оғози қуръакашӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе аст, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ва мудири тими миллии кишвар Беҳрӯз Айниддинзода ширкат мекунанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 даста тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи ғолиб ва  чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севумро ишғолкарда ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми қуръакашӣ ба сабади чаҳорум ворид шуд ва дар марҳалаи гуруҳии мусобиқот бо Ҳиндустон, Тайланд, Малайзия, Ҳонконг ва Индонезия, ки низ ба ин сабад шомил шудаанд, бозӣ намекунад.


Дастаҳо аз сабади аввал - Қатар, Ҷопон, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Арабистони Саудӣ, сабади дуюм - Ироқ, АМА, Уммон, Ӯзбекистон, Чин, Урдун ва сабади сеюм - Баҳрайн, Сурия, Фаластин, Ветнам, Қирғизистон, Лубнон .

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.