Рӯйхати кишварҳое, ки ба онҳо низоми якҷониба бидуни раводид ҷорӣ шудааст ва тартиби дарёфти раводиди шаҳрвандони як қатор кишварҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содда карда шуд, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зикр мегардад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2024 No190 “Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2021” номгӯи кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо метавонанд ба Тоҷикистон ворид шаванд дар доираи якҷонибаи бидуни раводид барои то 30 рӯз 25 давлати нав илова карда шуданд:
Аз ҷумла:
Амирнишини Андорра
Баҳамас
Босния ва Гертсеҳовина
Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
Ҷумҳурии Булғористон
Ҷумҳурии Коста-Рика
Ҷумҳурии Кипр
Ирландия
Ҷумҳурии Малта
Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
Муғулистон
Черногория
Салтанати Умон
Руминия
Федератсияи Сент-Китс ва Невис
Сент-Люсия
Ҷумҳурии Сан-Марино
Ҷумҳурии Сербия
Ҷумҳурии Словакия
Ҷумҳурии Словения
Ҷазираҳои Сулаймон
Сент-Винсент ва Гренадинӣ
Вотикон
Давлати Фаластин (нисбати шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ/махсус)
Инчунин тибқи ҳамин қарор номгӯйи 16 давлати хориҷӣ, ки нисбат ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда шудааст, тасдиқ шуд.
Аз ҷумла:
Ҷумҳурии Албания
Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир
Барбадос
Ҷумҳурии Вануату
Ҷумҳурии Мардумии Чин
Иттиҳоди Доминика
Ҷумҳурии Фиҷӣ
Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаос
Ҷумҳурии Лубнон
Ҷумҳурии Мадагаскар
Ҷумҳурии Марокаш
Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ
Ҷумҳурии Никарагуа
Ҷумҳурии Панама
Ҷумҳурии Тунис
Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам
Ҳамзамон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №188 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31» 14 кишвар, аз ҷумла:
Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
Ҷумҳурии Сулаймон
Ҷумҳурии Вануату
Ҷумҳурии Судон
Ҷумҳурии Мадагаскар
Давлати Фаластин
Ҷумҳурии Гаити
Ҷумҳурии Уганда
Ҷумҳурии Арабии Сурия (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
Ҷумҳурии Ироқ (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
Ҷумҳурии Федеративии Нигерия (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
Ҷумҳурии Руанда (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
Ҷумҳурии Конго (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
ба номгӯйи давлати хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, ворид карда шуд.
Иқдоми мазкур аз 1 майи соли 2024 мавриди амал қарор мегирад.
Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони кишварҳое, ки ба рӯйхат дохил шудаанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати зиёда аз 14 ё 30 рӯз бо мақсади кор, таҳсил, истиқомати доимӣ ё дигар мақсадҳои ғайритуристӣ ворид мешаванд, пешакӣ бояд раводиди дахлдор гиранд.