Паҳлавони тоҷик Мустафо Аҳмадов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Амман (Урдун) медали нуқра ба даст овард.

Ӯ дар нахустин қувваозмоияш бар Нодирҷон Раҳимов (Ӯзбекистон) бо ҳисоби 8-4 ва Қанат Каримбеков (Қирғизистон) бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуда, ба финал баромад.

Мустафо Аҳмадов дар бозии ниҳоӣ аз паҳлавони Ҳиндустон Абхиман бо ҳисоби 6-2 шикаст хӯрд ва дар сабқати то 23-солаҳо дар вазни то 70 кг мақоми дувумро касб кард.


Гуфтан ба маврид аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ ва озод миёни писарони то 17-сола ва наврасони то 23-сола баргузор шуд. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 17 ва то 23-сола 471 гуштигир аз 20 кишвар ширкат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Ғафуров, Нодирҷон Сангов, Аслам Азизов, Алишер Рӯзимадов, Муҳаммад Султонзода дар гуштии юнониву румӣ ва Шерхон Юнусов, Ёқубҷон Ибронов, Алиризо Баҳромов ва Мустафо Аҳмадов дар гуштии озод рақобат карданд.


Зимнан, Аҳмадов соли чорум аст, ки дар Чемпионати Осиё медал мегирад.

Дар мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё то 17 ва то 23-сола дар Бишкек Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кг барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар чемпионати соли 2022 дар Қирғизистон низ медали биринҷӣ ва дар чемпионати соли 2021 дар Қазоқистон медали нуқра гирифт.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавононик Точикистон имсол боз се ҷои сеюмро низ сохиб шуданд. Аз ҷумла, Муҳаммад Ғафуров дар ин мусобиқот миёни писарони то 17-сола дар вазни 45 кг ва Муҳаммад Султонзода дар вазни 80 кг барандаи медали биринҷӣ шуданд ва Алиризо Баҳромов миёни наврасон дар вазни 71 кг медали биринҷӣ гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.