Ду зане, ки навори муноқишаи онҳо бо як ҷавонзан рӯзи 4‑уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромада буд, аз тарафи пулиси пойтахт дастгир ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 5‑уми июл хабар дод.
Ба навишти манбаъ, боздоштшудагон Сафаргул Сафаралиеваи 34-сола ва фарзанди ноболиғаш З.Н.-и 14-сола, ки ҳарду сокини пойтахт мебошанд, ҳамсояи худ Мадина Гуловаи 26-соларо, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ доштааст, латукӯб кардаанд.
Зикр шудааст, ки миёни ин ду ҳамсоя солҳост хусумат вуҷуд дошта, муноқишаи ахир дар пайи муноқиша миёни кӯдакони ноболиғи онҳо сар задааст.
“Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати Сафаралиева Сафаргул тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, - хабар додааст ин ниҳод.
Моддаи мазкур ҷарима аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 36 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати боздошти нафарони қоида ва қонунвайронкун, баъди нашри навору акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Қариб ҳар ҳафта мақомоти интизомии кишвар аз боздошту муҷозоти чунин шахсон пас аз оммавӣ шудани кирдори онҳо хабар медиҳад.
Чаро бо вуҷуди расонаӣ шудани муҷозоти нафароне, ки кирдори хилофи қонуни онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, ин амал аз ҷониби сокинони дигар такрор мешавад, дар матлаби “Аз понздаҳ шабонарӯз ҳабс то 720 сомонӣ ҷарима”. Чаро ронандагони нақлиёти мусофирбари пойтахт ислоҳ намешаванд?” мутолиа намоед.
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста