Мурофиаи додгоҳии Дилшод Саидмурод, мулаққаб бо “Дилшоди СБ”, ки якҷо бо чанд нафари дигар барои рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ба зиндони абад маҳкум шуд, бо ҳузури худаш баргузор гардидааст.
Дар ин бораи Додгоҳи олии кишвар дар посух ба дархости “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
“... баррасии парванда дар мурофиаи судӣ бо иштироки бевоситаи худи маҳкумшуда Саидмурод Дилшод Ҳусейн ва дигарон, ҷамъ 14 нафар, инчунин ҳимоятгаронашон баргузор гардида, ҳукми Суди Олӣ аз 18 марти соли 2024 дар ҳузури онҳо эълон карда шудааст”, - омадааст дар посухи Додгоҳи олӣ.
Бояд гуфт, то ин замон ҳеҷ як аз мақомоти Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Дилшод Саидмурод ба Тоҷикистон иттилои дақиқ надода буданд. Ҳарчанд баъзе манобеи “Азия-Плюс” тасдиқ карда буданд, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ва адами иттилои расмӣ суолҳоеро дар бораи ба Тоҷикистон овардан ё наовардани ӯ ба миён овард.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Саидмурод (Дилшод Саидмуродов) ё “Дилшоди СБ” яке аз маҳкумшудагон дар робита та рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” дар тобистони соли 2023 аст. Мақомоти Тоҷикистон ӯро яке аз ташкилкунандагони аслии ин куштор муаррифӣ мекунанд.
Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, Дилшод Саидмурод пас аз куштори Шуҳрат Исматуллоев, якҷо бо чанд ҳаммаслакаш аз Тоҷикистон ба Русия фирор карда, барои чанд муддат онҷо пинҳон гардидааст. Аммо бо талоши мақомоти Тоҷикистон ӯ дар Русия боздошт ва тибқи иттилои Додгоҳи олӣ ба кишвар истирдоду ба зиндони абад маҳкум гардид.

Ҳамроҳ бо Дилшод Саидмурод, ҳамчунин 4 нафари дигар ба ҳабси якумра маҳкум шуданд. 9 нафари дар бошад, барои муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд.
Бар замми ин, ахиран Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмурод низ барои қаллобӣ, сохтакории аснод, ғасби қитъаи замин ва монеагӣ ба тафтишот гунаҳкор ва ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст.
Ёдовар мешавем, ки куштори Шуҳрат Исматуллоев яке аз пурсарусадотарин ҳодиса дар соли гузашта буд. Исматуллоевро моҳи июни соли 2023 дар назди манзили зисташ гурӯҳи номаълум зӯран ба мошин савор карда, ба ҷои номаълум бурданд. Баъдан маълум шуд, ки ӯро дар яке аз минтақаҳи Варзоб шиканҷа ва ба қатл расонида, ҷасади ӯро ба дарё партофтаанд. Бо гузашти беш аз як моҳ ҷасади ӯ дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Панҷакент дарёфт ва аз рӯи дандонҳояш шиносоӣ ва дар Душанбе ба хок супорида шуд.
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста