Шаби 1-уми октябр Эрон бо ирсоли садҳо мушак ба Исроил ҳамла кард. Сипоҳи посдорони ин кишвар ҳамла ба Исроилро “Ваъдаи содиқ-2” унвон кард ва дар баёнияе эълом кард, ки он дар посух ба кушта шудани Исмоил Ҳания, рощбари сиёсии гурӯҳи сиёсии "Ҳамос", Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли "Ҳизбуллоҳ" ва Аббос Нилуфарушон, як фармондеҳи сипоҳ анҷом шудааст.

Ҳамчунин, дар ин баёния таъкид шуд, ки дар сурати ҷавоби Исроил ба Эрон ин кишвар бо ҳамлаҳои кӯбандае мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Мақомдорони Эрон то ҳол расман эълон накардаанд, ки чӣ қадар мушак дар ин ҳамла истифода шудааст, вале расонаҳо навиштанд, ки дар он беш аз 200 мушак аз ҷумлаи мушакҳои болдор ва болистикӣ истифода шудааст. Рӯзномаи “Jerusalem post” дар гузорише навишт, ки ки ҳудуди 400 мушак аз Эрон ба Исроил партоб шудааст.

Хабаргузории “Форс” бо такя ба манбаҳои хуб гуфтааст, ки ҳадди ақал 80% мушакҳои Эрон ба ҳадафҳои мавриди назар дар Исроил расидаанд.


Сипоҳи Посдорони Эрон дар баёнияи дуюми худ иддаъо кард, ки 90% мушакҳои партобкардаи Эрон ба Исроил бо мувафақият ба ҳадаф расидаанд.

Дар баёнияи Сипоҳи посдорон гуфта шудааст, ки ин амалиёт дар чаҳорчӯби ҳаққи дифоъи машрӯъ ва бар асоси конунҳои байналмиллалӣ анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил гуфтааст, ки аксарияти мушакҳои Эронро роҳгирӣ кардааст. То ин лаҳза Исроил талафот дар ҳамалаи Эронро эълон накардааст, танҳо расонаҳои исроилӣ аз маҷрӯҳ шудани ду нафар аз шаҳрвандони ин кишвар хабар медиҳанд.

Пас аз ҳамла ба Исроил артиши ин кишвар дар сар то сари ин мамлакат бонги хатарро ба садо даровард. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуданд, ки нишон медиҳанд мушакҳои Эрон бар фарози Тел-Авив ва Байтул-Муқаддас парвоз мекунанд.

Акс аз Ohad Zwigenberg / AP / Scanpix / LETA

Саҳифаи Алии Хоманаӣ, роҳбари Эрон дар “Х” навишт, ки зарбаҳои навбатии Эрон шадидтар ва қавитар хоҳад буд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ҳамлаи Эронро “иштибоҳи бузург” унвон кард ва ҳушдор дод, ки товони ин ҳамларо хоҳад дод.

Як манбаъ аз мақомоти Эрон ба “Ройтерс” гуфтааст, ки фармони ҳамла ба Исроилро худи Хоманаӣ содир кардааст.

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон пас аз ҳамлаи мушакии ин кишвар ба Исроил гуфт, ин танҳо гушае аз тавони Эрон аст ва таъкид кард, ки бо Эрон вориди даргирӣ нашавед.

Ӯ изҳор дошт, ки "Нетаняҳу бидонад, ки Эрон ҷангхоҳ нест, аммо дар баробари ҳар таҳдиде қотеъона меистад".

Пизишкиён ҳамчунин, гуфтааст, ки бар асоси ҳуқуқи машруъ ва бо ҳадафи сулҳу амният барои Эрон ва минтақа посухи қотеъ ба таҷовузҳои Исроил дода шуд.

Даниел Ҳагарӣ, сухангӯи артиши Исроил гуфт, ки кори Теҳрон паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Ба гуфтаи вай, системаҳои дифоъи ҳавоии Исроил ва Амрико алайҳи мушакҳои аз Эрон партобшуда муассир кор кардаанд.


Бояд гуфт, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико пас аз эъломи ҳамлаи Эрон ба артиши кишвараш дастур дод, ки Исроилро дар дифоъ аз ҳамлаи Эрон кумак кунанд.

Артиши Амрико гуфт, ки зарбаҳои Эрон дар рӯзи сешанбе аз аввалин ҳамлаи ин кишвар ба Исроил дар моҳи апрели соли ҷорӣ "ду баробар бузургтар аст".

Муҳаммад Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, дар ҳамлаи дишаб ба Исроил се пойгоҳи муҳими низомии ин кишварро ҳадаф қарор додаанд.

Ба гуфтаи Боқирӣ дар ин ҳамлаҳо пойгоҳҳои Мосад, Навотим ва Ҳотсрин мавриди ҳадаф қарор ирифтаанд.

Ин мақомдори Эрони ҳушдор додааст, ки агар Исроил ба ҷиноятҳояш дар Ховари Миёна такрор кунад, бо ҳамлаи густурдатари Теҳрон нисбат ба шаби гузашта рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Эрон қаблан чандин бор ҳушдор дода буд, ки ба Исроил ҳамла мекунад. Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон пас аз анҷоми ҳамла ба Исроил изҳор дошт, ки он чӣ Теҳрон мегӯяд, қотеъона ба он амал мекунад. Ин мақомдори Эрон ишора кардааст, ки дасти Теҳрон ба ҳар нуқтае, ки бихоҳад, мерасад.

“Чеҳраи ояндаи минтақа ва ғарби Осиёро соҳибони минтақа ва миллатҳои асилу решадор он хоҳанд кашид, на ишғолгарон ва таҷовузкорон”, - изҳор доштааст Канъонӣ.

Бояд гуфт, Эрон қабл аз ин дар моҳи апрел, бо садҳо ҳавопаймои бесарнишин, мушакҳои болдор ва болистикӣ ба ҳадафҳои Исроил ҳамла карда буд. Расонаҳо хабар дода буданд, ки Эрон 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки заминӣ ба Исроил партоб кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.