Палатаи ҳисоби Русия натиҷаҳои санҷиши риояи созишномаҳои давлатӣ дар бораи сохтмон ва мавриди истифодаи нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1-ро ба нашр расонид.
Дар ин ҳисобот гуфта мешавад, “шартҳои асосии созишнома иҷро нагардида, харидории нерӯи барқ аз 60-70%-и пешбинишуда мутобиқи қарордод бо ширкати “Барқи тоҷик”-ро ташкил медиҳанд.
“Маблағҳо барои нерӯи барқи дастрасшударо ширкат мунтазам ва дар ҳаҷми пурра пардохт намекунад: ба санаи 1 октябри соли 2015 қарз 496,7 млн. сомониро ташкил дода (ҳудуди 20% аз ҳамаи сармоягузориҳои Русия ба лоиҳа), ҳамчунин содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар, ки дар Созишнома ба он кафолат дода шудааст,низ таъмин карда намешавад”, - омадааст дар ҳисобот.
Бино ба маълумоти ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ба санаи 2 сентябри соли ҷорӣ қарзи “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳ беш аз 624 млн. сомонӣ (ҳудуди 80 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Аз оғози соли равон бошад, ҳаҷми қарзи ширкат ба нерӯгоҳ 184 млн. сомонӣ афзудааст.