Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани корхонаҳои нави ҶДММ “Криолит” дар ноҳияи Ёвон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар натиҷаи азму талошҳои мунтазами Ҳукумати мамлакат ва тадриҷан амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ҷиҳати рушди соҳаи саноат ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар замони истиқлолият ба як маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт.

“Махсусан, солҳои охир ба фаъолият оғоз кардани чандин корхонаҳои азими истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳияро бамаротиб баланд бардоштанд”, - гуфт сарвари давлат.

Ба гуфтаи президент, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо таъсиси се корхонаи нави имрӯза шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ба 40 расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия боз ҳам афзоиш меёбад.

“Ҳамзамон бо ин, чанд рӯз пештар роҳи оҳани Душанбе – Ёвон – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард, ки барои боз ҳам тараққӣ ёфтани соҳаи саноати вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ёвон аҳаммияти калон дорад, зеро барои рушди саноат мавҷудияти роҳи оҳан омили муҳим мебошад.”, - таъкид дошт сарвари давлат.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат иштирок намуд. Баъди ифтитоҳи корхонаҳо дар Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик “Талко кимиё” президенти мамлакат бо фаъолони ноҳия ва коргарону мутахассисони ин корхонаи калони саноатии мамлакат суҳбати самимӣ орост.