Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар ҳамдастӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тарзу воситаҳои дастгирии талошҳоеро, ки ба таҳкими бахши бонкии Тоҷикистон нигаронида шудаанду айни замон ба мушкилӣ дучоранд, мавриди баррасӣ қарор додааст.
Бо анҷоми арзёбии вазъи молии бонкҳои бузургтарини низомсози кишвар, БАТР дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баҳри мусоидат ба эҳёву барқарор намудани соҳаи бонкӣ, аз ҷумла таҳкими низоми идоракунии бонкҳо, барномаи маҷмӯавии ҳамкории техникиро таҳия месозанд.
Дар доираи дастгирии имконпазир аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии молӣ БАТР имкони пешниҳоди қарз ба Тоҷикистон ба маблағи то 100 млн. доллари ИМА барои роҳандозии ислоҳот дар бахши бонкӣ ва азнавсозии онро баррасӣ мекунад, ки он ба мавҷуд будани «харитаи роҳи ислоҳот»-и бахш вобаста аст.
Ба гуфтаи Наталя Ханженкова, директори идоракунандаи БАТР дар Туркия ва Осиёи Миёна: «Дар БАТР мо бар ин назарем, ки мушкилоти ҷорӣ дар бахши молии Тоҷикистон метавонанд як омили таҳрикдиҳандае бошанд, ки барои роҳандозии ислоҳоти зарурӣ ва андешидани тадбирҳо баҳри таъмини таҳкими бахш барои дурнамои дарозмуҳлат мусоидат карда тавонанд».
Қобили зикр аст, ки БАТР яке аз сармоягузори пешсаф дар Тоҷикистон буда, айни замон маблағгузории беш аз 100 лоиҳа дар кишварро ба маблағи умумиии зиёда аз 606 млн. евро ба уҳда дорад.



