Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли семент босуръат афзуда, тайи соли ахир ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон ба миқдори 37% зиёд шуд.

Айни замон Тоҷикистон на танҳо талаботи дохили кишварро ба семент таъмин мекунад, балки онро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунад. Аз ҷумла ба Русия низ дар ҳаҷми 65 тонна семент интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, тӯли 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта (1,1 млн. тонна) 37,1% зиёдтар аст.

«Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Ёвону Бобоҷон Ғафуров ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол, беҳтар шудани сифати маҳсулот ва поинравии арзиши он мусоидат кард», - қайд мешавад дар маълумот.

Афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли семент давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон аз ҳисоби ду корхонаи ширкати «Хуаксин Ғаюр семент» таъмин шудааст, ки дар ин давра онҳо беш аз 1 млн. тонна семент истеҳсол кардаанд. Дар ҶСК «Сементи тоҷик» 188 ҳазор тонна ва дар ҶДММ «ТоҷЧайна» - 146 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар қатори Афғонистону Қирғизистон, содироти семент аз Тоҷикистон ба Русия ва Ӯзбекистон низ шурӯъ шуд. Дар зарфи 9 моҳ аз Тоҷикистон ба Афғонистон - 96 ҳазор тонна, ба Ӯзбекистон - 35 ҳазор тонна, ба Қирғизистон - 30 ҳазор тонна ва ба Русия 65 тонна семент содирот шудааст.

Зимни вохӯрии рӯзи 14 октябр бо соҳибкорон ва сармоягузорон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин робита изҳор намуд, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз 200 ҳазор тонна то ба 1,5 млн. тонна расидааст. «Бовар дорам, ки соли оянда истеҳсоли он то 2,5 млн. тонна расонида мешавад», - гуфт ӯ.